- пӯшидан
- [پوشيدن]1. дар бар кардан, ба тан кардан (либосро): либос пӯшидан2. пинҳон кардан, руст кардан; махфӣ кардан3. бастан, маҳкам кардан: дарро пӯшидан, даҳонро пӯшидан, чашм пӯшидан, парда пӯшидан4. фаро гирифтан, иҳота кардан (аз тарафи боло)5. фуровардан, партофтан, кашидан (пардаеро ба рӯи чизе); аз дунё (ҷаҳон) чашм пӯшидан вафот кардан, тарки ҳаёт кардан; даҳон пӯшидан хомӯш шудан, аз гуфтор боз истодан; чашм пӯшидан аз чизе эътибор надодан ба чизе; надидагӣ барин шудан чизеро, сарфи назар кардан аз чизе; ҷомаро чаппа пӯшидан дар қаҳру ғазаб шудан, ба гапи касе ҳеҷ розӣ нашудан, дар гуфтаи худ исрор кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.